Сархати машқи ҷунуни зулф парешон кист ? !

Серумаи бахти сияҳи наргис фаттон кист ? !

Гар на хаданги туро сина ман шуд ҳадаф

Бар дили маҷрӯҳи ман новак пайкон кист ? !

Забти Аннани нафаси бас ки маро мушкил аст

Ҳеҷ надонам ки дил дар хат фармон кист ? !

Акс ту набӯд агар бар дили ман ҷилва гар

Дида ойӣнаам ин ҳама ҳайрон кист ? !

намеравад аз чашми ман дам ба дам аз бихўдӣ

Ашки парешони ман гӯй гиребон кист ? !

Ғунча лаълаш нашуд бе раҳи тнбўли ман

Сурхии ёқӯт ӯ оташ марҷон кист ? !

Манзари чашмам агар нест туро мунтазир

Дар раҳи сайли балои хона вайрон кист ? !

Сояи мижгон ӯ сӯзан ҷайбам нашуд

Риштаи оҳани дилами бахя домон кист ? !

Туғрули ширини сухани маънии бедили нигар

Қомати барҷастаи ?ути мисра девон кист ? !