Ҳеҷ дар малики ҷаҳон чун ӯ парӣ рухсор нест
Аҳриманро беҳтар аз гесуӣ ӯ зуннор нест !
Ҳар замон чун шамъи андари хонаи дили бинмш
Сади роҳи он парии ҳаргиз дар ва девор нест !
Арзи ҳоҷотати ҳиҷоби акс матлаб ме шавад
Ҷузи нафаси ойӣнаи дилро дигар зангор нест !
Кист бошад дар шаби ҳиҷрони анису ҳамдамаш ? !
Ҷузи хаёли Лайлӣ дар маҷнӯн дигар ғмхўор нест !
Дар биёбони ғамаш аз сари қадам бояд ту ро
Ин раҳ ишқаст чун роҳ дигар ҳамвор нест !
эй сабои оҳиста тар бигузар ба ойини адаб
Дар ҳарими ҳурмат ӯ ҳеҷ касро бор нест !
намекунӣ туғрул кунун парвоз дар авҷи сухан
Ҳеҷ каси имрӯз монанди ту дар ашъор нест !