Омад ва дар пеши ман аз ноз ҷавлон кард ва рафт
Хотирамро ҳамчуи зулфи худ парешон кард ва рафт
Бас ки сайлоб сиришкам омад аз ҷӯши ғамаш
Қасри бунёди диламро сахт вайрон кард ва рафт
Дӯш дидам дар чаман аз ноз ӯро ҷилва гар
Дасти мо андари гиребони гул ба домон кард ва рафт
Будам имон агарчӣ дар пайғамбари ҳасанаш вале
Куфр зулфаш омаду тороҷ имон кард ва рафт
Дишаб аз лаъл Бадахшон шуд ҳикояти лаъл ӯ
Хандае аз нописандӣ дар Бадахшон кард ва рафт
Бурқаъ аз рух барфаканду чеҳраи худро намӯд
Тоқату сабру қарорам бар ду сомон кард ва рафт
Кард бо ним нигаҳи ҷони маро аз тани бурун
Мушкили сахти маро бисёр осон кард ва рафт
То ба арз ҷилва омад дар чаман рӯй гулаш
Булбули шӯридаро дар боғ нолон кард ва рафт
эй хушо туғрул ки бедил месарояд мисраӣ
Хонаи дил дар сари раҳ буд вайрон кард ва рафт