Қадамӣ ранҷа кун эй дӯст ! ба кошонаи мо

Сози ободи зи худ кулбаи вайронаи мо

Майу маъшуқау мутриби ҳама якҷо ҷамъанд

Чашми бади давр аз ин маҷлиси риндонаи мо

Пой аз сар нашносем ҳарифони мададӣ

Соқии ин май зкҷои рехт ба паймонаи мо

Шаҳнаи шаҳр ки аз маст кашад пӯсти зи тан

Гӯи биё ва бишинав наъраи мастонаи мо

Тарк масҷид кунӣ аз зоҳиди пашминаи қабо

Гар гузорад фитад аз кӯчаи майхонаи мо

Ба ҳақиқат натавон дид ҷамоли бути мо

Чашми зоҳид ки буд тангтар аз хонаи мо

Дил ба занҷири сари зулфи нигории сет ба банд

Оқилонро чаҳ хабар аз дили девонаи мо

Мо гадоён дар хона шоҳ Наҷафем

Ҳар касеро нарасад мансаби шоҳонаи мо