Чаҳ заҳматҳо ки ман аз гардиши ахтар наме байнам
Ниҳоли бахти худро ҳеҷ гуҳ пурбар наме байнам
Ба танг омад дилам дар малики ҳинд аз шуғли наққошӣ
Миёни шуғлҳо шуғлӣ аз ин бадтар наме байнам
Яҳуду габру ҳиндӯи рости доими кӣсаҳо пари зар
Ман мискин ба ҷуз дар хоби ранги зар наме байнам
зи ночорӣ барои шахси габрӣ май кашами заҳмат
Валикини буии хайрии ҳам , аз он кофар наме байнам
На шар аз ман , на хайр аз ӯ , гузаштам аз сари хайраш
Ки ҷои хайр аз он габр , ғайр аз шар наме байнам
Муошир бо чунин габрӣу шуғлӣ бо чунин заҳмат
Ба ғайр аз сабр кардан , чораи дигар наме байнам
Аҷаб дорам аз ин шуғлӣ ки бо ин заҳмат бе ҳад
Куҳани кафшӣ ба по , ъамомае бар сар наме байнам
Ба ин заҳмат ки дорам чун шавад шаби баҳри осоиш
Ба хонаи ҷузи ҳасири порае бистар наме байнам
Касонро рӯзу шаб « туркӣ » буд соғари пар аз бода
Ба ҷузи хӯни ҷигар , ман бода дар соғар наме байнам