Сар чаҳ бошад ки фидо бар сар паймон накунам
Ҷон чаҳ бошад ки нисори раҳ ҷонон накунам
То руху зулфу хати ёри маро дар назар аст
Илтифотӣ ба гулу сунбул ва райҳон накунам
То марои мавъизаи пери Муғон дар гӯш аст
Гӯш бар мавъизаи воъиз нодон накунам
Гарчи аз дидани хубони тану ҷон , дар тъб аст
Ҳайф бошад ки назар бар рух хубон накунам
Мутриб ар ин ғазал аз гуфта « туркӣ » хон
Гӯш бар замзамаи мурғи хуш алҳон накунам