Дар чаман беқадат эй сарви хиромони чаканам ! ?

Бе тамошои хатати сабзау райҳони чаканам ?

Дар қиёмати ман агар бо ту барандам ба биҳишт

Чун ту ҳамроҳи манӣ ҳурӣу ғулмони чаканам ?

Чун парешон кунӣ аз шонаи сари зулфи дароз

Нашавамгар ман шӯридаи парешони чаканам ?

Лаб чун об бақоят шавад ар рӯзии ман

Умри боқии чаканам ? чашмаи ҳайвони чаканам ?

Қосидигар зтўоми хату паёмии орад

Ба нисори қадамаш гар надаҳум ҷони чаканам ?

Гуфта будӣ ки ба сари вақти ман оеи рӯзӣ

Гар ниёе ва расад умр ба поёни чаканам ?

Сабрҳое ки ба умед вафоят кардам

Нашавамгар ман аз ин карда пушаймони чаканам ?

Бо ҷафои фалакии сабри тавонам кардан

Бо ҷафоҳои ту эй фитнаи даврони чаканам ! ?

Ранҷҳоӣ ки ман бе сарви сомони барадам

Оқибат чун ки нашуд кор ба сомони чаканам ?

Дил « туркӣ » ки ба зиндони ғамати монда ба банд

Гар нҷотш надиҳӣ бо ғами зиндони чаканам ?