Мо сархуш ва соғар задау маст ва малангем

Шӯридау машғӯл ба шӯрем ва ба днгим

Мо мард шаробем ва кабобем ва рубобем

На толиби тирёк ва на чрсим ва на бангем

Сайёди сифати оҳӯ , чашмони ҷаҳон ро

Дар дом худ оварда ба сад ҳила ва рангем

Дар ҷоми муҳибони ҳама чун шукр ва шаҳдем

Дар коми рақибони ҳама чун заҳри шрнгим

Бо мардуми фани бозу диранг ва ҳама фанем

Як ранг ба ёрем ва , ба душман ҳама рангем

Бо маслиҳати вақти гуҳӣ мӯр заъифем

Гоҳе ғазаби олӯда чу шерем ва палангем

Пастем чу хок ар чаҳ вале вақти зарурат

Чун оташ сӯзанда ниҳон дар дил сангем

Ҳар кӯ ки ба мо бар сар сулҳаст ба сулҳем

Ваон кӯ ки ба мо бар сар ҷангаст ба ҷангем

Дар пайравии нафаси шитобанда чу асбем

Афсӯс ки дар тоъати ҳақ , чун хар лангем