Пеш аз ин эй санам ! озори ман зори мада

Ба ман зор , аз ин беш ту озори мада

Ҳаст дар зулфи ту чун сайди гирифтор , дилам

Беш аз ин заҳмати ин сайди гирифтори мада

Тарки чашми ту ки хӯни резу ситамкор буд

Дили моро ту ба он тарки ситамкори мада

Маст чун роҳ равад такя ба девор диҳад

Ту агар маст нае такя ба девори мада

эй табиб ! аз ман бемор чаҳ хоҳии шабу рӯз ?

Рӯзу шаби заҳмати ин хастаи бемори мада

Дард ишқаст ва давояш набӯд ғайри висол

Қасд таҷвиз макун , шарбати динори мада

Пеш аз ин « туркӣ » агар дил ба накӯён додӣ

Гар пушаймонӣ аз ин кор , дигар бори мада