Бас ки эй шӯхи парии чеҳраи ту нозуки баданӣ

Аз ҳаририи тани гулбарги туро перҳанӣ

Натавонам ба гули ёсуманат нисбат дод

Ки нозуки баданӣ , ба зи гули ёсуманӣ

Чун гул рӯй ту як гул набӯд дар гулзор

Чун қади сарви ту сарвӣ набӯд дар чаманӣ

Гар такаллум накунӣ , лаб ба сухан нагушойӣ

Ҳеҷ мафҳум нагардад ки ту дории даҳанӣ

Тарки чашми ту буд раҳзани сад қофилаи дил

Ту магари Подшаҳи тайифаи роҳзанӣ

Дар такаллуми зи лабати лаълу гуҳар май резад

Ту магари кони бадахшонӣ ва , баҳри аданӣ

Форси як тана , лашкар натавонад шаканд

Ту агар як танаи худ Форси лашкари шиканӣ

Буии машки хутан аз зулф ту ояд ба машом

Нознино ! ту магари оҳӯии дашти хутанӣ

Суҳбати рӯҳафзо ва , суханат ширин аст

« тркё » бас ки ту хуши суҳбату ширини суханӣ