Чашми ту ба як киришмае ёро !

Брбўд задаст , тоқати мо ро

То чанд кунӣ парешу ошуфта

Он зулфи дарозу анбари осо ро

Зин беш макун парешу саргардон

Ин дил шудаи ошиқони шайдо ро

Аз лаъли ту мурда мешавад зинда

Кӯи онкӣ хабар диҳад масеҳо ро

Як рӯзи каманди зулф худ бигушо

Нахҷӣр кун оҳӯони саҳро ро

Як лаҳзаи канори чашм ман биншин

Ва онгоҳ бибин ту мавҷи дарё ро

Искандари ғамзаи ?ут ба як ҳамла

Дарҳам шаканд сипоҳи доро ро

Исломи ту эй Маҳмадии мазҳаб !

Мансӯх намӯд дайни исо ро

« туркӣ » надиҳади зи дасти домонат

Кун марҳамати он фитода аз по ро