Соқӣ ба ҷоми рези зи минои шароб ро
Таъмир кун ба ҷоми шароби ин хароб ро
Шабҳо зи ғуссаи хоб ба чашмам наме равад
Соқӣ биор шишаи доруии хоб ро
Май офтоби равшану хами машриқ вай аст
Овар буруни зи машриқи хам , офтоб ро
Май чун арӯсу хишти сурхами ҳиҷоби вай
Аз рӯй ин арӯс бияфкан ҳиҷоб ро
Аз дарсу баҳс ва мадриса шуд хотирами малул
Мутриб биор барбату чангу рубоб ро
Бо тори сози ҷуфти мғнӣ ба сад наво
Овои зи тарку шӯру ҳиҷози рҳоб ро
Шоҳиди биёу маҷлиси моро фурӯғи бахш
Яъне фикан зи чеҳра ба иксўи ниқоб ро
Зоҳид ба кунҷи майкада дар пой хам нишаст
Дар раҳн май ниҳоди радоу китоб ро
Мо ошиқему ринду назари бозу бодаи нӯш
Аз мо бигӯӣ воъизи олии ҷаноб ро
Гар мо муқассирем вале ғоФри алзнўб
Аз мо гунаҳ набинад ва бибинад савоб ро
Ҳар чанд мустаҳаққ азобем мо вале
Эзад ба мо злтФ бубахшад азоб ро
« туркӣ » ки ҳаст маст май ҳуби Бутуроб
Домани куҷои з даст диҳад Бутуроб ро
Рӯзи ҳисоби пеши худованди ҷурми пӯш
Орми шафиъи шоФъ , явми алҳсоб ро
Шери худо , васии расӯли онкии қанбараш
Гардан ба зер тавқ кунад шери ғоб ро