Чашми туу хату холат эй бути раъно !
Бардаи змни ақлу сабру ҳуш ба яғмо
Маст ва харобаст тарки чашмату дорӣ
Ханҷари мижгон ба каф ба қасди тани мо
Чеҳри мунирати зи зери зулфи ту гӯйӣ
Гашта аёни офтоб , дар шаби ялдо
Дар хам ҳар тори зулфи силсилаи сонат
Сад дили девонаи рости силсилаи барпо
Сарву санавбар ба пеши пой ту уфтанд
Гар ба чамӣ дар чаман ба азми тамошо
Сайди даройад ба пои худ ба камандат
Гар ту хиромӣ ба азми сайд ба саҳро
Ғамзаи сайди афканат ба куштан « туркӣ »
Хнҷро Сикандарасту паҳлавии доро