Аҷаб шурӣаст бар сар дорам имшаб
Ниҳоли айш пар бурдорам имшаб
Хилофи соири шабҳо ба мино
Шаробии рӯҳ парвар дорам имшаб
зи дасти соқии ширини шамоил
Май талхӣ ба соғар дорам имшаб
Аҷаб аз толеъи фирӯзи хешам
Ки дар бар қад дилбар дорам имшаб
зи буии турра анбар фишонаш
Димоғи ҷон , муаттар дорам имшаб
Барои чашми захм аз мардуми чашм
Сапандии хуш ба миҷмар дорам имшаб
Задам нақшӣ ба ёри имрӯз « туркӣ »
Хаёли нақш дигар дорам имшаб