Туро ки гуфт ки бигушоӣ рӯй зебо ро

Ки тоб рӯй ту бар буд тоқати мо ро

Дами насими сабои машк без хоҳад шуд

Агар пареш кунӣ зулфи анбари осоро

Агар ту шона ба зулфи сиёҳи хеши занӣ

Сиёҳ рӯз кунӣ ошиқони шайдо ро

Агар ту моили дарёу мавҷи дарёӣ

Биё ба дидаи ман байни ту мавҷи дарё ро

Мазан ба тир , ки ман худ асири доми туам

Ба тир , кас назанад мурғи ришта дар по ро

Накард дар дили сахти ту оҳи ман асарӣ

Ки мегудохт ба як шуъла , санги хоро ро

Назар ба чашм аноят макун ба сӯии рақиб

Ки равшании надиҳади серумаи чашми аъмо ро

Дарози дастии зулфати нигар ки « туркӣ » ро

Чунон гирифт ки сайёд , сайди саҳро ро