Бози ин туе бета ! ки хатати машк ва анбар аст
Рухсораи ?ути биҳишту лабати ҳавз кавсар аст
Бози ин манам ки дидаам аз хӯни дил тар аст
Ҷисм чу тори зулфи ту борӣк ва лоғар аст
Бози ин туе ки қади баландат ба ростӣ
Дар боғи ҳасан , ғайрати сарв санавбар аст
Бози ин манам ки аз ғами зулфи сиёҳи ту
Бар дидаи рӯзи равшанам аз шаб , сияҳ тар аст
Бози ин туе ки мижаи хӯни рези чашми ту
Сад ҷаъба новакаст ва сад қабза ханҷар аст
Бози ин манам ки аз ғам рӯй чу моҳи ту
Шаб то ба субҳ , дидаи ман пари з ахтар аст
Бози ин туе ки ҳар ки туро дид бе ниқоб
Гуфт ин ҷамол нест ки хуршед ховар аст
Бози ин манам ки ҳар ки маро дид фош гуфт
Кин « туркӣ » балокаш аз зарра камтар аст