эй ки дилам сӯй туаст ! каъбаи ман кӯй туаст
Каъбаи ман кӯй туаст , эй ки дилам сӯй туаст !
Гӯша абрӯӣ туаст , қиблаи ҳоҷоти ман
Қиблаи ҳоҷоти ман , гӯша абрӯӣ туаст
Оина рӯй туаст , рӯзу шабам дар назар
Рӯзу шабам дар назар , оина рӯй туаст
Баста гесуӣ туаст , мурғи дилам аз азал
Мурғи дилам аз азал , баста гесуӣ туаст
Ғамза ҷодӯӣ туаст , раҳзани дайну дилам
Раҳзани дайну дилам , ғамза ҷодӯӣ туаст
Сунбултар мӯӣ туаст , машки хутан буи туаст
Машки хутан буи туаст , сунбултар мӯӣ туаст
Хоки сар кӯй туаст , чашми марои тўтё
Чашми марои тўтё , хоки сар кӯй туаст
Мурғи сухан гӯй туаст « туркӣ » ширини калом
« туркӣ » ширини калом , мурғи сухан гӯй туаст