Аз ман эй дӯст ! туро меҳр баридан аҷаб аст
Дар ҳақи ман сухани ғайр , шунидан аҷаб аст
Ҷони ман омада аз ҳасрати лаъли ту ба лаб
Лаб чун лаъли туро ғайр макидан аҷаб аст
Бар сари кӯии ту як умри нишастан , саҳл аст
Намаки васли ту рӯзӣ , начашедан аҷаб аст
Оҳӯии чашми ту нахҷӣр кунад шерон ро
Оҳӯи андари ақаби шер давидан аҷаб аст
Аз ту эй хоҷа ! ки сад банда ба як бӯсаи харӣ
Банда мисли маниро нахаридан аҷаб аст
Чашмро чашми кабӯдон , сияҳ аз серума кунанд
Аз ту бар чашми сияҳ , серума кашӣдан аҷаб аст
Гар хулди хори фироқи ту ба ҷонам на аҷаб
Гулӣ аз гулшани васл ту начидан аҷаб аст
Неши Фсоди зи дасти ту кушояди раги хӯн
Хунаш аз чашми ман зор , чакидан аҷаб аст
Ҷони фидо кардан « туркӣ » ба ту набӯд аҷабӣ
Ҷони фидо кардан ва , рӯй ту надидан аҷаб аст