эй бод ! агар рӯй , ба сари кӯии дилбарам

Ҳамроҳ худ биор , ба ман буии дилбарам

Кӯи қосидӣ ва , номаи барӣ каз раҳи вафо

Аз ман паёму нома , баради сӯии дилбарам

Тъўизи чашм захм кунам баҳри худ агар

Торӣ фитад ба дасти ман аз мӯии дилбарам

Хоҳӣ шунид аз суханами накҳати абир

Гӯям агар зи халқи хушу хуии дилбарам

Бедорем зи хоб , куҷо ҳаст то ба субҳ

Байнами шабӣ ба хоб , агар рӯй дилбарам

Дар бӯстон наруста лаби ҷӯй токунӯн

Сарвӣ , чу сарви қомати дилҷӯии дилбарам

Мушкил дигар ба ҷониби миҳроб рӯ кунад

Зоҳид бибинад аз хами абрӯии дилбарам

Ҳайфаст пари шикаста , ба кунҷи қафаси асир

« туркӣ » ки ҳаст мурғи сухани гӯии дилбарам