Бошад ба серуми ҳавои дилбар
Ҷон чист кунам фидои дилбар
Аз чашм , азизтар надорам
Дар чашм манаст ҷои дилбар
Бегонаи зи ҷумла мосўӣ шуд
Ҳаркас ки шуд ошнои дилбар
Сарвӣ набӯд ба ҳеҷ бустон
Чун қомати дили рубои дилбар
Сарчашмаи об зиндагонӣ аст
Лаъли лаб ҷон физой дилбар
Хубони ҷаҳон ки шоҳ ҳасананд
Ҳастанд камӣни гадои дилбар
Кӣ даст диҳад висол , « туркӣ »
То сари бунаам ба пои дилбар