То кӣ ? эй дил ! ту гирифтори ҷаҳон хоҳӣ шуд

Новаки нози ҷаҳонро ту нишон хоҳӣ шуд

Хилқатат аз кафи хокӣ шуда ва , охири кор

Зини ҷаҳон чун гузарӣ , бози ҳамон хоҳӣ шуд

Зинҳор эй тани хокӣ ! нашӯй ғарра ба хеш

Кохри аламри гули кӯзаи гарон хоҳӣ шуд

Май баради гурги аҷал , як як аз ин гила ва ту

Чанд аз давр , барояшони нигарон хоҳӣ шуд

Перӣ ва , мекунӣ аз васмаи сияҳи мӯии сипед

Ту бар онӣ ки ба дайни шеваи ҷавон хоҳӣ шуд

Гар наҳй тоҷ ва , ду сад соли нишинӣ бар тахт

Охир аз тахт , ба тобути равон хоҳӣ шуд

Нахл некӣ бинишон , базри бадиро мФшон

Варна дар рӯзи ҷазо ашк фишон хоҳӣ шуд

Дасти бечора аз пой дарафтода бигир

зи онкии як рӯз , ту ҳам низ чунон хоҳӣ шуд

Панд « туркӣ » бишинав дил бикун аз меҳр батон

Варна боандау ҳасрат , зи ҷаҳон хоҳӣ шуд