То ма рӯй ту аз парда аён ме гардад
Моҳ аз шарми ту дар абр , ниҳон ме гардад
Ба машом аз нафас бод расад буии абир
Ба сари зулфи ту чун бод , вазон ме гардад
Ҳаст ёқӯти лабати қӯти равон ва , дили ман
Рӯзу шаб дар паии он қӯт равон ме гардад
Зангии зулф ту багушӯда ҳунари сӯии каманд
Дил ман карда асир ва , пай ҷон ме гардад
Тарки чашми ту агар роҳзанӣ кораш нест
Пас сабаб чист ? ки бо тир ва камон ме гардад
Хол дар гӯшаи абрӯат , шуда гӯша нишин
Ҳолиё дар пай ҷое ба аз он ме гардад
Сахтам ояд аҷаб аз лаъли лаб чун шукрат
Ки чунин шаҳди насиб магасон ме гардад
Ман ба фикри ту ва , ту монда ба фикри дгарон
Чархи пайваста ба ком дгарон ме гардад
Аз хаёли рух чун шамъи ту ҳршб то субҳ
Ашки гармам ба рухи зард , равон ме гардад
Пер шуд « туркӣ » аз он рӯз ки рафтӣ зи буриш
Гар биёе ба буриш , боз ҷавон ме гардад