зи чини зулфи пари чинати дилам берун нахоҳад шуд
Чунинаш қисмат афтодааст ва , дигргўн нахоҳад шуд
Шунидам бӯсае , бо нақд ҷонӣ мекунӣ савдо
Агар дорад ҳақиқат , ҳеҷ кас мағбун нахоҳад шуд
Назар бар моҳ кардам дӯш ва , дидам мусҳафи рӯят
Дар ин ма , рӯзи кас чун рӯзи ман , маймун нахоҳад шуд
Худовандӣ ки ҷон додааст нон ҳам медиҳад бе шак
зи саъии фавқи тоъат , ризқи кас афзӯн нахоҳад шуд
Ҷамоли Лайлӣ афзӯнасту шӯри ишқи маҷнӯнӣ
зи кӯҳу дашти куштани ҳеҷ кас , маҷнӯн нахоҳад шуд
Ба фатвои ҳакямон , аз барои дафъи дарди ғам
Давоеи беҳтар аз ҷом мегулгун нахоҳад шуд
Набошад дар ғазал то васфи мавзуни қоматӣ « туркӣ »
Мусаллам додан ки шеъри ҳеҷ кас , мавзун нахоҳад шуд