Биовар қосдо ! аз ёр , коғаз

Бабр аз ман , сӯии дилдор , коғаз

Расон аз ман , ба он ёри дили озор

Ниҳон аз дидаи ағёр , коғаз

Забонии кӯ ки эй шӯхи дили ором !

Навиштам бодили хўнбор , коғаз

Яқин дорам ки нанависӣ ҷавобӣ

Нивисамгар ҳазорон бор , коғаз

Ба як коғаз , ғамам бизадойӣ аз дил

Ки бошад нимӣ аз дидор , коғаз

зи бас аз чашм « туркӣ » хӯн равон шуд

Чу лавҳи дил шудаи гулнор , коғаз