Шўрчаҳи шаробии сет ки бар сар задае боз

Ҷомии магар аз бода ахгар задае боз

Соғар зада расво шавад аз хуфтагии чашм

Аз чашм ту пайдост ки соғар задае боз

Ҷомӣ задае боз аз он об чу озар

Бар ҷони ман сӯхта озар задае боз

Пайдост ки дории сари хӯни резии ушшоқ

Зини даст ки бар қабза ханҷар задае боз

Бо кас агарат нест нигоро ! сари киштӣ

Пас чист ки доман ба камар , бар задае боз

Дируз , з ҳар рӯз , фузун мезада будӣ

Имрӯз , зи дируз , фузунтар задае боз

Ҳар тири ҷафое ки туро буд ба таркиш

Бар ҷони ман хаста музтар задае боз

Аз боди сабо май шинавами роиҳаи машк

ё шона бар он зулф чу анбар задае боз

Буии сари зулфин ту ё буи абир аст

ё равғанӣ аз ғолия , бар сар задае боз

« туркӣ » агарат ром шуд он аҳўии ваҳшӣ

Ҳушдор ки худро ба ғазанфар задае боз