Ба зери зулфи ту рухшандаи чеҳраи матбӯъ

Чунон буд ки ба шаб , офтоб карда тулӯъ

Ба пеши қиблаи абрӯат , он сияҳи гавани зулф

Чу қанбараст ки хам гашта аз барои рукӯъ

Аз ин сипас ба парешонеи сари зулфат

Ба ҳеҷ кас натавон дид хотири маҷмӯ

Агар ба чашми пари обам назар кунӣ доне

Ки фарқҳост зи дарёии жарф то менавъ

Ба ман ки ринди қадаҳи нӯшу мастам эй зоҳид !

зи ҷоми бодаи сухани гӯ , на аз усӯлу фурӯъ

Бар остони ту ағёри рости изни духул

Муҳиби хоси ту « туркӣ » чаро ? буд мамнӯъ