Бар хез то рӯем ба сайри баҳори боғ

Зон ҷои кашеми рахт , ба зери ҳисори боғ

Гар боғбони з дар , нагузорад дарун шавем

Худро бияфканем ба боғ , аз ҷидори боғ

Бунаем гоҳи чашм , ба сайри дарахти гул

Бидиҳеми гоҳи гӯш , ба савти ҳазор боғ

Хобем гоҳи зери дарахтони норван

Ёбем гоҳи баҳраи зи себу анори боғ

Гирем гоҳ аз кафи соқии сими соқ

Ҷоми пар май ба лаби ҷӯйбори боғ

Рафтем гуҳи миёни гулу лолау шқиқ

Хуфтем гуҳи миён ҳамеша баҳори боғ

Нассоҷи навбаҳор , зглҳои рангоранг

Гӯйӣ ки бофтааст баҳами пуду тори боғ

Шабнам збс нишаста ва , аз баси вазидаи бод

Ашҷор пок гашта , згрду ғубори боғ

Бингар ба дасти абри баҳорӣ ки аз тагарг

Гӯйӣ намӯда донаи гавҳар , нсорбоғ

Ашҷорро ба шохаи дарахтон , шукуфа ҳо

Рухшанда чун ситора ба шабҳои тори боғ

Резон чу сими хом буд оби зобшор

Гӯйӣ ки нуқра мечакад аз обшори боғ

эй гули ту хуши хиром ба боғу канори об

То « туркӣ » ?ут шавад зи вафои обёри боғ

Фарроши навбаҳор , бисоти зумуррадин

Густарда аз барои ту дар раҳгузори боғ