Ҷоно ! макаш ба қатли ман бе гуноҳи теғ
Бар қатл бегунаҳ , накушуд подшоҳи теғ
Олӯдаи теғати аршўди азхўн бе гуноҳ
Он бегуноҳро шавад охири гувоҳи теғ
Бошад нигоҳи тези ту аз теғи тезтар
Ҳар дами занӣ ба пайкарам аз ҳар нигоҳи теғ
Ҷон мекунам сипар ба дами теғи тези ту
Донам агар занӣ ба ман бе паноҳи теғ
Тарсам чуоварӣ ту зболо ба зери теғ
Аз барқи оҳ ман шаканд ним роҳи теғ
Теғати шикофти кӯҳ ва , тани ман чу барги коҳ
Ҷоно ! абас мазан ту ба ин барги коҳи теғ
Аввал маро бихон ва бикаш теғ аз миён
Тарсам ба дайгарии занӣ аз иштибоҳи теғ
Имшаби лабами зи лаъли лабат кӣ ҷудо шавад
То офтоб бар накушуд субҳгоҳи теғ
« туркӣ » ба додхоҳӣ агар оядат ба пеш
эй Подшаҳ ! макаш ба рухи додхоҳи теғ