Биё эй соқии ширини шамоил !
Ба ҷомӣ май , ғамам бизадой аз дил
Бидиҳ ҷомӣ аз он роҳи рҳиқм
Ки аз хотир кунад андӯҳи зоил
Маро бошад тании лоғартар аз мӯ
Чаҳ созад боғамӣ чун кӯҳи бозул
зи баси бори ғамам бар дил нишаста
Биҷунбад ноқаам дар зери маҳмил
Ғами ёрами чунон аз по фиканда аст
Ки натавонам бурун омад зи манзил
Ба сад ҳасрат сафар кард аз барам ёр
Таҳаммул аз фироқаш ҳаст мушкил
Ба умедӣ ки ояд аз сафари боз
Ду гӯшам ҳаст бар савти ҷлоҷл
Дариғо киштии умед « туркӣ »
Ба гирдоб ғамаш бинишаст дар гул