То боз кардаам ба ту эй гули изор , чашм !

Пӯшидаам ман аз ҳамаи кору бор , чашм

Аз дидан рахт нашавад сайри чашми ман

Бошад агар ба сӯрати ман садҳазор , чашм

Бисёр чашм дидаам аммо надида аст

Чашмами басони чашми ту дар рӯзгор , чашм

Гуфтӣ ки бар сари раҳ ман бош мунтазир

Пайваста бошудам ба раҳи интизор , чашм

Аз дидани ҷамоли ту чашмам пуроб шуд

Оре шавад з дидани хури обдор , чашм

То офтоб рӯй туам аз назар бирафт

Ҷисмами заъифи гашту рухами зарду тор , чашм

Домани кашон чу май гузарӣ аз миёни халқ

Бозаст баҳр дидан ту бешумор , чашм

Чашми хумор , ҳолат мехӯрдааст ва ту

Гар менахурдае з чаҳ дории хумор , чашм

Бо чашм агар кунӣ ту ба « туркӣ » ишоратӣ

Бар чашми пурхумор ту созад нисор , чашм