Соқӣ бидиҳ имрӯзи яке ҷоми шаробам

Аз ҷом шаробӣ бикун имрӯзи харобам

Аз он май ноб ки туро ҳаст ба кӯза

Ман ташнаи як ҷуръае аз он май ноБам

Аз ёд нахоҳад шуданами охири перӣ

Он бода ки додӣ ту дар айёми шабобам

Нозат бикашам баҳри яке ҷоми шаробӣ

Сад бор агар нози намоеу итобам

Аз ғуссаи шабу рӯз ба чашмам наравад хоб

Лутфӣ куну ҷомии даҳ аз он доруии хобам

Гӯйанд касони лозим май , чанг ва рубоб аст

Гар май , ту диҳӣ гӯ набӯд чангу рубобам

Аз сӯзи таби ишқ ва , зи сайлоби сиришкам

Ҳам сӯхта аз оташ ва , ҳам ғарқа дар обам

То чанд уқобам кунӣ аз ҷуръае аз май

Май дар қадаҳами рез ва , матарсон зи уқобам

Шак нест ки ғаффор зунубаст худованд

« туркӣ » ту матарсон абас аз рӯзи ҳисобам

Ман донам ва он кас ки маро халқ намӯда аст

ё афв кунад ё ки кунад заҷру азобам