Ҳар киро ишқи дилбарӣ ба сар аст
Метавон гуфтанаш ки худ башар аст
Вонкаҳ аз ишқ , бехабар бошад
Ҷонвар балки кам зҷонўр аст
Мо сӯйро ба ним ҷӯ нахирад
Ҳарки аз сари ишқ бохабар аст
Ишқ ганҷасту ошиқии ганҷур
Ишқи дарёу ошиқӣ гуҳар аст
Ҳар ки ошиқ нашуд дар ин олам
Ба мисли чун дарахт бесамар аст
Ошиқӣ нест кори булҳавасон
Ки раҳи ишқ , роҳи пар хатар аст
Ошиқонро шурӯт бисёр аст
Коўлини шарт , тарки ҷон ва сар аст
По ба майдони ишқ , ҳар ки ниҳод
Синааш тири ишқро сипар аст
Ошиқии пешаи ҳусайн алӣ аст
Ки дар офоқ , ном ӯ смр аст
Ҷон ба қурбони номи он ошиқ
Ки зҷон , ном ӯ азизтар аст
« тркё » ишқ аз ҳусайн омӯз
Ки чунин ишқ , ишқ бо асар аст