Зулфи Акбар чу зи хӯни сар ӯ тар гардид

Ақли гуфто ки аҷин машк , ба анбар гардид

Бар замини хӯни зи гулӯии шаҳи лаби ташнаи ҳусайн

Он қадри рехт ки бо хок , мухаммир гардид

Баданиро ки бадии бистараши оғӯши набӣ

Оқибати хоки замин , болаш ва бистар гардид

Сари фарзанди набии гашт чу пинҳон ба танур

Зини ҳикояти дили сидиқаи пар озар гардид

Ивази шер ки нӯшад , ба сари дасти падар

Пора аз тир , гулӯии алӣ Асғар гардид

Баъди қатли писари Фотима дар мақтали хӯн

Чашми зайнаб ӣам ашк аз мижа тар гардид

Оҳ каз крбу балои зайнаби маҳзун то шом

Ҳамсафар бо писари саъди бад ахтар гардид

Кушта шуд Акбару Лайлои зи ғамаш маҷнӯн шуд

Доғи фарзанд , насиби дил модар гардид

Гашт дар кунҷи хароба , чу макони зайнаб

Рӯзи равшан ба вай аз шом , сияҳ тар гардид

Бскаҳ хуноба фишонд аз мижа бар рух « туркӣ »

Дафтари шеър , зи хуноби дилаш тар гардид