Бар сибти набии гунбад даввор бинолад
Шамсу қамару собит ва сайёр бинолад
Зулмӣ ки бар ӯ рафт яқин то ба қиёмат
Набӯд аҷабигар дар ва девор бинолад
Чун ҳнҷр ӯ шимур бурид аз дами ханҷар
Бар ҳнҷр ӯ ханҷар хунхор бинолад
Чун рафт сари сибти паямбар ба сари не
Зини воқеаи не нола кунад зор бинолад
Бар ғурбату мазлӯмӣ ӯ Фотима гиряд
Бар бе касеаш Аҳмад мухтор бинолад
Дар хулди барин Фотима бо дидаи хўнбор
Бар ғурбати он хусрав беёр бинолад
Дар ҷинати фирдавс , зи ғами ҷаъфари тайёр
Бар ҳолати аббос аламдор бинолад
Дар таии сафар аз ғами ҷонсӯзи бародар
Зайнаби сар ҳар кӯча ва бозор бинолад
Аз хӯрдани силӣ ба раҳи шоми сакина
Бо сӯзи дилу дида хўнбор бинолад
Дар кунҷи хароба , зи ?илами Сайиди саҷҷод « ъ
Бар ҳолати бемории худ зор бинолад
Ба илоҳ аҷабӣ нест каз ин назми ҷигари сӯз
« туркӣ » агарат дафтар ашъор бинолад