эй ҳусайн эй илми афрошта бар қуллаи нур

эй ки ишқ ту фиканда ба сари олами шӯр

Ту чаҳ кардӣ ки лаб ташна буриданд сарат

Хӯрд карданд тани нозукат аз сами сутур

Ту шудӣ куштаи лаби ташна ва , аз куштани ту

Шудаи ғамноки ҷаҳонӣ ва , гуруҳеи масрур

Сари пурнури ту эй кушта беҷурму гуноҳ

Гоҳ бар найзаи аён , гоҳ ниҳон шуд ба танур

Ясриб аз қатл ту гардид зи бунёди хароб

Шоми вайрон шуда аз куштан ту шуд маъмур

Навҷавонони туро сар бибареданд ба ҷабр

Аҳли байти ту сӯй шом кашиданд ба зӯр

Обидатро биниҳоданд ба гардани занҷир

Бо вуҷӯдӣ ки бадии пайкари покаши ранҷур

Бар сари наъш ба хӯни хуфтаи ту зайнаб гуфт

Барад аз дидаи ман доғи ҷҳонсўзи ту нур

Офтоби рахт аз машриқи не , шуд чу аён

Тира шуд рӯзи ман зор , чу шоми диҷўр

Зулмҳоӣ ки ба авлод алӣ кард язид

« тркё » то ба сафи ҳашар , нагардад мастур