Офтоб аз шарми рӯйиш рух кунад пинҳон ба абр

Моҳи ман аз чеҳраи худгар барандозади ниқоб

Чун гузорад бар замини пои сарви сими андоми ман

Ҳар ки бинад гуядаш ё литнии канти туроб

Абрӯии дилдори ман моно ки миҳроб дуост

Ҳар дуо конҷо шавад бешабаҳ гардад мустаҷоб

Дидамаш хӯн мечакад аз чеҳра ҳамчун гулаш

Ин сухан шуд рост каз гул мешавад ҳосили гулоб

Ҳар чаҳ ман бо ӯ кунам ӯ низ бо ман ме кунад

Ман ба ӯ аҷзу ниёз ва ӯ ба ман хашму итоб

Дидамаш дар ҷомаи нилӣ ба сари мишкӣни кулоҳ

Гуфтам ин рӯзии сет каз мағриб барояд офтоб

Сурхии сарпанҷааш « туркӣ » на аз ранг ҳиност

Панҷа аш дорад зи хӯни ошиқони доими хизоб