Ҳазор шукр ки шуд хатми ин хуҷастаи китоб
Ба Авни холиқу ҷаббору қодири қаҳҳор
Агар чаҳ шеваи ман назму мадҳу марсия буд
Маро ба назм ғазал кард дӯстии ночор
Ба ғайри мадҳи расӯлу аъиммау атҳор
зи шеърҳои дигар мекунам ман истиғфор
Бузургвори худоёи ту хеш шоҳид бош
Ки м ба маъсият хеш мекунам иқрор
Гуноҳҳои ман аз кӯҳҳост сангин тар
Ба назд афви ту худ заррае сет бе миқдор
Агар чаҳ ғарқи гуноҳам ва лек ме донам
Ки бар тамоми гуноҳони ман туе ғаффор
Маро ки « туркӣ » хору залилу мискинам
Бузургвори худоё ! ба хеши вомгзор
Агар чаҳ муҷримам ва , шармсор ва , номаи сиёҳ
Ту бигузар аз сари ҷурмам ба ҳақи ҳашт ва чаҳор
Алӣу ёздаҳи фарзанд ӯ шафиъ мананд
Вагарнаи вой бар аҳволи ман , ба рӯзи шумор