Олимӣ чун шаҳри кӯрон аз ғубор касрат аст

Ҳалқаи чашмӣ ки май байнам , каманд ваҳдат аст

Сари баҳри кӯтаҳи назари норади фурӯи айвони фақр

Чашм аз он рӯи аҳли дунёро ба сӯй давлат аст

Чун кунӣ тарки таманно , малики осоиши зи тест

Содагӣ аз нақши худ , лавҳи тилисм роҳат аст

Пардаи ғифлати броФгн , то дилат равшан шавад

Равзани ин хонаи торики чашм ибрат аст

Ҷунбиши дандон , хабари зи афтодан дандон диҳад

Раъшаи перӣ бар андомат , нишон риҳлат аст

Дар ҷиҳоди нафас , мардони дасту по гум ме кунанд

Ҳон науфтӣ , аз худ огаҳ бош , вақт ғайрат аст

Зон харидорӣ надорад гавҳари волои фақр

Кин дар дарёии раҳмат , ҳамчуи ҷон беқимат аст

Зулмати дил бар ту оламро шаб диҷўр кард

Чун туро ойӣнаи равшани гашт , субҳ давлат аст

Хори девор аз дуруштӣ раҳ надорад дар чаман

Нармии гуфтор , оби бӯстон иззат аст

Беғам ӯ кишти танҳои маро дар анҷуман

Гиря меояд , дило бархез , вақт суҳбат аст

Ҷузи ту воъизи ҳечкас дар анҷуман бегона нест

Бо хаёлаш ҳар куҷо бехуднишинӣ , хилват аст