Кадхудоеи як қалам , ранҷу ғам ва дардисар аст

Хома то гардид соҳиби хона , бо чашм тар аст

Даст афшодани бмлку моли ин ибрати саро

Тоири ҷонро ба авҷи қурби ҳақ , бол ва пураст

Корҳои бесаранҷомон , з худ гирад низом

Ашки мо длхстгон , ҳам ришта ва ҳам гавҳар аст

Эҳтишом бенавоён , мешавад фардои падед

Чун чароғи хонаи дарвеш , субҳ маҳшар аст

Хонаи ойӣнаро , нуру сафо аз рафтагӣ аст

Кулба бефарш , муфлисро сафоӣ дигар аст

Чашмаи ҷӯади карямон , гӯи ннозди пари бахуд

Оби мо пайваста аз худ ҳамчуи ҷӯй мармар аст

Дар ҷаҳон , саргарми давлатро набошад роҳатӣ

Кам нагардад дарди сар , то ин кулоҳаш бар сар аст

Як сари мӯ то ба ҷое , кӣ ба ҷое мерисӣ ?

Пои роҳи мақсади озодагони тарк сараст ?

Покии домон агар хоҳӣ , ба берушдӣ бисоз

Теғро хӯнҳо ба гардан ҳар замон аз ҷавҳар аст

Дил махӯр аз вопасии чандин , ки чун нақши нигин

Ҳарки ӯ имрӯзи ӣнҷои по буд , фардо сар аст

Дар ҷаҳони ҷинси сухан беқадар аз бемасрафӣ аст

Гар буд гӯшӣ , насиҳатҳои воъиз гавҳараст !