Бар адуи пушт накардан сипар аст

Теғи хўнризи далерон ҷигар аст

Нашимурд каси ҳунари имрӯз ба ҳеҷ

Дар шумори онкӣ кунун ҳаст , зар аст

Хуии хуш бо ҳама кас месозад

Ҳизуми оташи гул , чӯб тар аст

Сари мо ва , раҳи ёрони азиз

Пои ин роҳ , гузаштани з сар аст

Нест комӣ ки аз он ҳосил нест

Баҳри мо нахли дуо , шох зар аст

Бетаъаллуқ равад осони зи ҷаҳон

Сабукии роҳилаи ин сафар аст

Номи имрӯз з моласт баланд

Сиккаро ҳукми зи болой зар аст

Сарви бустони муҳаббат , оҳ аст

Чашмаи кӯҳи ғамаши чашм тар аст

Тоб нагузошт дигар дар ҷое

Ин чаҳ тоби руху тоб камараст ?

Ҳунарӣ нест ҳнрўри гаштан

Ба ҳунари фахр накардан ҳунар аст

Мебарад гиряи кудурат аз дил

Софии оина , аз чашм тар аст

Сухани хасм , ту нашунида шумор

Сипари теғи замон , гӯш кар аст

Чаҳ ғам аз марг , чу ёрони рафтанд ?

Нақши пои қофилаи ин сафар аст

Нафас аз ҳарф лабат гашта чунон

Ки не аз нолаи ман , нешикар аст

Фикр сомон накунӣ дар раҳи ишқ

Ки дар ин марҳалаи сар дар хатар аст

Пеши ин қадари мдонон , хӯбӣ

Гӯшвори сухану гӯш кар аст

Рифъати шоҳи з даравишон аст

Дар ҳумо бол фишонӣ з пар аст

Гарчи баси қадар сухан ҳаст , вале

Хомшии воъиз , ҳарф дигараст !