Бози имшаби новаки он ғамза бар мо пуркаш аст

Дар лаби лаълаш , такаллум чун намак дар оташ аст

Нест нохуш , ҳарчӣ ояд аз хушу нохуши зи дӯст

Хуш набӯдан бо хушу нохуш , зи мардон нохуш аст

Ғайри дами сардӣ наме байнами зи абнои замон

Гар касе дорад забони гарми имрӯз , оташ аст

Як нигоҳи аҷз бар душман , бааст аз сад каманд

Як дили пари оҳ дар паҳлу , ба аз сад таркиш аст

Дӯстии холис чу бошад , нест бок аз хашму ҷанг

Ҳаргиз аз оташ нагардад кам тилло , чун беғаш аст

Нест дар соғари абас бе тобии мавҷи шароб

Наъл май аз шавқи ёқӯти лабаш дар оташ аст

Мешавад маълуми воъиз з омад ва рафт нафас

Ин ки бо мо зиндагии пайваста дар каш вокш аст