То акси гул рӯй ту дар чашмтар мост

Домони пар аз хӯн шуда , боғи назари мост

Шабҳо ки буд дар назари ойӣнаи рӯят

Берун шудани ҷони зи тан , оҳи саҳари мост

Фархундае фалак ҳиммат хешем

Афшодани домани зи ҷаҳон , болу пари мост

Помол шудан , медиҳад охир бар давлат

По бар сари мо ҳар ки наад , тоҷи сари мост

Мо нахли сроФрохтаҳ гулшан ишқем

Аз ғайри ту пайванд баридани самари мост

Савдогар бе мояи суд ду ҷаҳонем

Баргарди саропои ту гаштани сафари мост

Моро ба вафодории мо қадар шиносанд

Дар роҳи ту астодгӣ , оби гуҳари мост

Дар ҳеҷ дилии воъизи мо ҷой надорад

Ҳам толеъи афғони тиҳӣ аз асари мост