Оҳ , шамъии зи шабистон саҳархезон аст
Нола , нахлии зи гулистон саҳархезон аст
Чун дам субҳ набошад , ҳамаи кайфияту шӯр
Гиряи коҳи дили бирён саҳархезон аст
Дидам аз тоҷи хурӯсон , ки зи бедории бахт
Давлати зиндаи дилӣ , зони саҳар хезон аст
Дар ситам , золими азин гӯна ки по мефишурд
Ҳадафи новаки афғони саҳар хезон аст
Хонаи давлати ҳаркас ки ба зулм обод аст
Сайлаш аз ашк чу борон саҳархезон аст
Рӯз дар парда гумномӣ хешанд , чу шамъ
Шаб чу шуд , арсаи ҷавлон саҳархезон аст
Боғи файзи дили шабҳо , ки гулаш мағфиратаст
Обаш аз нолаи ғалтон саҳархезон аст
Андалеби чаман рӯҳ физой дами субҳ
Савти шӯровар афғон саҳархезон аст
Қомати хеш чу созанди дўтои вақти рукӯъ
Ду ҷаҳон дар хами чавгон саҳархезон аст
Дидаи воъиз аз онаст пар аз неъмати файз
Каз гадоён сар хон саҳархезон аст