Фикри он мӯии миёнам , бас ки дар коҳидн аст
Ҷисм бар тори нафас , чун риштае бар сӯзан аст
Пеши рӯят , бас ки дорад изтироб сӯхтан
Шамъро аз риштаи ҷон , хор дар пероҳан аст
Ишқ меболад бахуд аз изтироби ошиқон
Оташи дилҳои пурхӯнро тапидан доман аст
Обгирӣ мекунад шамшерро соҳиби ҳунар
Дар дили шабҳо , дуо бегиря , теғ оҳан аст
Боғ ва бустон нест ҳоҷати булбулони шавқ ро
Ҳркҷо нолад , ба ёдаши воъизи мо гулшан аст