Май дӯди ҳрсўи сухан , соҳиби сухангар сокин аст

Дӯди миҷмар ҳар тарафи гардон ва , миҷмар сокин аст

Ҳаст ҳарҷое агар сар , лек побарҷост ишқ

Гарчи ғалтонаст гавҳар , оби гавҳар сокин аст

Ёр агар шӯхаст , надиҳади шеваи тамкини зи даст

Дар назар ҳарчанд бетобаст ҷавҳар , сокин аст

Аз гарон хобон наёяд ҳамраҳе бо раҳравон

Рафт об аз ҷӯии мармар , оби мармар сокин аст

Мутмаин бошанд доими рости кишон давр нест

Дар миёни ҳарфҳо ҳарфи алифгар сокин аст

Музтариб аз ҳоли ман ҳаргиз намегардад дилаш

Чун раги сангӣ ки пеши боди сарсар сокин аст

Ҳар дилӣ комрўз ларзад воъиз аз бими гуноҳ

Вақти пичопичи дилҳо рӯзи маҳшар сокин аст