Бскаҳи заъфам аз нигоҳ ӯ бахуд болида аст
Дар ҷаҳони нестӣ ёрб чисон гунҷида аст
Гашта нилӣ аз хати сабзи он биногваши латиф
Ранги баррӯии гулаш , рӯзӣ магар гардӣдааст ?
Пеш ӯ ҳарчанд бошад пеши пои афтода , лек
Мисраи баҳри тавили зулф ӯ печида аст
Рӯзгор аз баҳри занҷири дил девона ам
Бози он зулфи сияҳро зи куҷо тобида аст
Шишаи дили бскаҳ чун ҷисм латифаш нозукаст
Метавон дидан , змогар хотираш ранҷида аст
Як нафаси гирди кудурати зинда дар гӯраш кунад
То тапиданҳои дил , бар хештан ҷунбида аст
Тундбодии зи остини дасти ради мибоидш
Дафтари воъиз чу гул бисёр бар худ чида аст