Шод аз ғайрат надидам хотири ношод ро
Ҷилва то дар бар кашид он қомати шамшод ро
Хурдсолии тира рӯзам кард каз тобандагӣ
Панҷа хуршед созад силии устод ро
Зинда маъшӯқ мебошанд аз баси ошиқон
Нақши ширин зинда дорад шӯҳрати Фарҳод ро
Нарми хуӣ пеша кун каз чини ҷавҳар пок кард
Сайқал аз ҳамвории худ ҷабҳаи фӯлод ро
Ғайр ғмхўорӣ наёяд ҳаргиз аз озодагон
Шона гардад , аррагар бар сар наҳй шамшод ро
Ҳарфи воъиз чун кунад дар ман асар ? каз рӯй сахт
Борҳо кардам адабҳо силии устодро ?