Кӣ аз асбоби некии бдгҳр фархунда ме гардад

Саги даранда аз сӯзани куҷо дўзндаҳ ме гардад

Накӯ аз ихтилоти бдкнш , бад мешавад охир

Чу бо теғи об ҳамдам мешавад , баранда ме гардад

Чаман то гул намегардад , куҷо гул медиҳад эй дил ?

Махӯр ғам , ин кудуратҳо дар охир ханда ме гардад

Худоро бандаи шӯ ,гар дар ҷаҳони озодагии хоҳӣ

Ки тарки бандагӣ чун карда кофар , банда ме гардад

Аҷаб набӯд ҳарис аз марги ин ва он кунад шодӣ

Ки чун симоб мерад , кӣмёгар зинда ме гардад

Аҷаб донам гузорад зрдрўими хиҷлати исён

Ки гардад сурхи рӯи ҳаркас ки ӯ шарманда ме гардад

Фазояд қудрат аз омезиши равшандилони воъиз

Балӣ аз қатраи обии гуҳар арзанда ме гардад