Чу ҳарфи донаи холаш , қалам мазкӯр ме созад
Варақро гиряам афшони чашм мӯр ме созад
Ба ин нисбат ки дорад ошноӣ бо лаби лаълаш
Намак , бо захми ман , чун марҳам кофур ме созад
Агар аз лиззати шаҳди лаби худ бохабар гардад
Лаби худро ба дандони хона занбӯр ме созад
Шавад аз азли табъи золими маъзули золим тар
Камонро зиҳ гирифтан , бештар пурзӯр ме созад
Сиёҳӣ афганд то аз ҷавонии доғи тани мо ро
Ҷаҳон аз перии мо , марҳам кофур ме созад
Марои воъизи ҳамин аз гӯшагирӣ хуш наме ояд
Ки охири одамиро дар ҷаҳон машҳур ме созад