Марои зикри ту бо ин куҳнагиҳо тоза ме созад
зи ҳам пошидаи авроқи маро шероза ме созад
Раҳи саргаштагӣ дигар ояд пеш , ошиқ ро
Чу тори вақту соъат , то нафасро тоза ме созад
Иморатҳои абнои замони меҳмон чаҳ медонад ?
Ки аввали хоҷаи қуфл ва , онгаҳе дарвоза ме созад
зи кори зоҳиди ноқиси амал , як шуъба ин бошад
Ки ҳар гӯшаи мақомӣ аз пай овоза ме созад
Дамӣ аз дасти ради айби ҷӯён , куҳна ме гардад
Фақир бенавоегар қабое тоза ме созад
Буд вақти ҷудоӣ аз нафаси ин ҷисмро дигар
Куҷои ин нусхаи пусида бо шероза месозад ?
Ҷавонӣ май хиромад , меравад аз мо ба ойинӣ
Ки моро куҳна , доғи хештанро тоза ме созад
Чунин дилкаш аз он рӯ гашта маъниҳои рангинаш
Ки фикри воъиз аз хӯни ҷигарашон ғоза ме созад